
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в PC
Китобхои Исломи
GameLoopエミュレーターを使用してPCにКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вをダウンロードします
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в PC版
開発者Китобхои ИсломиからのКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вは、過去にAndroidsystermで実行されています。
これで、GameLoopを搭載したPCでКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вをスムーズにプレイできます。
GameLoopライブラリまたは検索結果にダウンロードしてください。 バッテリーに目を向けたり、間違った時間にイライラしたりすることはもうありません。
大画面でКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вPCを無料でお楽しみください!
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 序章
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
"Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ъалан-набиййи, ё айюҳал-лази оману саллу ъалайҳи ва саллиму таслимо".
Тарҷума: Ҳар оина Худованд ва фариштагони ӯ дуруд мефиристанд бар Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), эй мусалмонон, дуруд фиристед бар вай ва салом гӯед салом гуфтанӣ.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
1) Шарти қабулӣ ва истиҷобати дуову салавот доштани таҳорати ҷисмиву ботинӣ мебошад.
2) Шарти иҷобат шудани дуову салавот қатъи умед аз ҳама мебошад. Ҷисму ҷони зикргӯянда бояд фақат ба умеди Худо бошад.
3) Гӯяндаи зикр боварӣ дошта бошад, ки Худованд тавоноии онро дорад, ки ҳарчи ирода фармояд, анҷом диҳад.
4) Бояд ҳамчун шахси ғарқшудаистода дуо кард ва кӯмаку наҷотро танҳо аз Худованди таъоло бояд донист, зеро Худованд ба Ҳазрати Исо фармуд, ки: << Маро чун ғариқе дуо кун, ки паноҳу наҷоте ҷуз ман надорӣ >>.
5) Ситоишу ҳамди Худовандро қабл аз дархосту дуо гӯяд.
6) Эътироф кунад, ки гуноҳҳо ӯро аз бисоти қурби Худованд дур афканда, балоҳоро фароҳам овардаанд. Ва ҳамчунин омурзишу авфи гуноҳҳояшро аз даргоҳи Худовандӣ талабгор бошад.
7) Вақте ботини худро аз наҷосат ва шаҳавоти нафсонӣ пок кард ва даруни худро таконе дод, ҳузури қалб ҳосил мешавад, ки ин ҳам яке аз шартҳои асосии дуову салавот аст.
8) Бояд дил бо забон якмаъно бошад, ки зикр аз дили ғофил пазируфта нагардад.
9) Дурудро чунон бояд фиристод, ки гӯё Ҳазрати Расулуллоҳ ( С ) – ро рӯ ба рӯи худ дида, бо эшон сухан мегуфта бошад.
ЯК САЛАВОТ БАРОБАР АСТ БА ДАҲ ҲАЗОР САЛАВОТ
МУДОВИМАТ БА САЛАВОТ РАМЗИ ХОБ ДИДАНИ ПАЙҒАМБАР
Шахсе назди султон Маҳмуди Сабуктегин рафт ва гуфт:
- Муддате буд, ки мехостам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб бубинам ва ғами худро барояш бозгӯ кунам. Ба ман ин саодат муосидат намуд ва дар шаби гузашта ба ин давлат расидам ва ҷамоли бокамоли он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва гуфтам:
- Эй Расули Худо ( С ), ҳазор дирҳам қарз дорам ва ба адои он қодир нестам. Метарсам, ки аҷал бирасад ва он қарз дар гардани ман боқӣ бимонад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Бирав назди Маҳмуди Сабуктегин ва он маблағро аз ӯ биситон.
Арз кардам:
-Шояд аз ман бовар накунаду нишон талабад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Ба ӯ бигу ба он нишон, ки дар аввали шаб сӣ ҳазор маротиба бар ман салавот мефиристад ва дар охири шаб сӣ ҳазор маротибаи дигар бар ман салавот мефиристад.
Султон Маҳмуд аз шунидани ин хоб ба гиря омаду тасдиқ кард ва қарзи ӯро адо кард ва ҳазор дирҳами дигар низ ба ӯ бахшид. Атрофиёни султон тааҷҷуб карданду гуфтанд:
-Эй султон, суханони ин мардро чӣ гуна тасдиқ мекунӣ? Ҳол он ки мо дар аввали шаб ва охири шаб бо ту ҳастем ва намебинем, ки ба фиристодани салавот машғул бошӣ. Ва агар касе дар тамоми вақтҳои шабонарӯз ба фиристодани салавот машғул бошад, наметавонад, ки шаст ҳазор салавот бифиристад.
Султон Маҳмуд гуфт:
-Ман аз уламо шунидаам, ки: << Ҳар кӣ як бор ин салавотро бифиристад, гӯё чунон аст, ки даҳ ҳазор маротиба салавот фиристодааст >>. Ва ман дар аввали шаб се маротиба ва дар охири шаб низ се маротиба ин салавотро мехондам. Ин шахс ки пайғоми он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро овард, дуруст ва рост мегӯяд ва ин гиряи ман аз шодӣ аст. Ин салавот чунин аст:
Аллоҳумма салли ало саййидино ва набиййино Муҳаммадив-ва Олиҳи махталафа-л-малавони ва таоқаба-л-асрони ва карра-л-ҷадидони вастақбала-л-фарқадони ва баллиғ рӯҳаҳу ва арвоҳаҳу ва арвоҳа аҳли байтиҳи миниа-т-таҳийята ва-с-салом.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Дар китоби << Ҷазбу-л-қулуб >>- и Абдулҳаққи Деҳлавӣ омадааст, ки: << Як роҳ барои хоб дидани Пайғамбари Худо ( С ) ҳаст ва он бардавом бар он Ҳазрат салавот фиристодан аст ботаҳорат ва бад-ин гуна:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Олиҳи ва саллим камо туҳиббу ва тарзо.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Барои шифои бемороне, ки табибон ҷавоб додаанд ва умеде ба дармон нест, ба Расули Худо ( С ) салавоти зиёд фиристода шавад. Беҳтар аст, ки чунин салавот фиристода шавад:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳим.
情報
デベロッパー
Китобхои Исломи
最新バージョン
1.2
最終更新
2018-09-27
カテゴリー
Books-reference
上で利用可能
Google Play
もっと見せる
PCでGameLoopを使用してКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вをプレイする方法
1. 公式WebサイトからGameLoopをダウンロードし、exeファイルを実行してGameLoopをインストールします
2. GameLoopを開いて「Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в」を検索し、検索結果でКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вを見つけて、「インストール」をクリックします。
3. GameLoopでКитоби Салавот бар Муҳаммад с.а.вを楽しんでください
Minimum requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-8300
Memory
8GB RAM
Storage
1GB available space
Recommended requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-9320
Memory
16GB RAM
Storage
1GB available space