
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 電腦版
Китобхои Исломи
用GameLoop模拟器在電腦上玩Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 電腦版
來自發行商 Китобхои Исломи 的 Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 能夠在安卓系統上運行。
現在,您可以在電腦上使用 GameLoop 模擬器流暢地玩 Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в。
在 GameLoop 遊戲庫或搜索結果中下載。 不需要再暢玩遊戲時盯著電池電量或被令人懊惱的來電打斷。
只需在電腦大屏幕上免費下載暢玩Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 電腦版!
Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 簡介
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
"Инналлоҳа ва малоикатаҳу юсаллуна ъалан-набиййи, ё айюҳал-лази оману саллу ъалайҳи ва саллиму таслимо".
Тарҷума: Ҳар оина Худованд ва фариштагони ӯ дуруд мефиристанд бар Пайғамбар (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), эй мусалмонон, дуруд фиристед бар вай ва салом гӯед салом гуфтанӣ.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
1) Шарти қабулӣ ва истиҷобати дуову салавот доштани таҳорати ҷисмиву ботинӣ мебошад.
2) Шарти иҷобат шудани дуову салавот қатъи умед аз ҳама мебошад. Ҷисму ҷони зикргӯянда бояд фақат ба умеди Худо бошад.
3) Гӯяндаи зикр боварӣ дошта бошад, ки Худованд тавоноии онро дорад, ки ҳарчи ирода фармояд, анҷом диҳад.
4) Бояд ҳамчун шахси ғарқшудаистода дуо кард ва кӯмаку наҷотро танҳо аз Худованди таъоло бояд донист, зеро Худованд ба Ҳазрати Исо фармуд, ки: << Маро чун ғариқе дуо кун, ки паноҳу наҷоте ҷуз ман надорӣ >>.
5) Ситоишу ҳамди Худовандро қабл аз дархосту дуо гӯяд.
6) Эътироф кунад, ки гуноҳҳо ӯро аз бисоти қурби Худованд дур афканда, балоҳоро фароҳам овардаанд. Ва ҳамчунин омурзишу авфи гуноҳҳояшро аз даргоҳи Худовандӣ талабгор бошад.
7) Вақте ботини худро аз наҷосат ва шаҳавоти нафсонӣ пок кард ва даруни худро таконе дод, ҳузури қалб ҳосил мешавад, ки ин ҳам яке аз шартҳои асосии дуову салавот аст.
8) Бояд дил бо забон якмаъно бошад, ки зикр аз дили ғофил пазируфта нагардад.
9) Дурудро чунон бояд фиристод, ки гӯё Ҳазрати Расулуллоҳ ( С ) – ро рӯ ба рӯи худ дида, бо эшон сухан мегуфта бошад.
ЯК САЛАВОТ БАРОБАР АСТ БА ДАҲ ҲАЗОР САЛАВОТ
МУДОВИМАТ БА САЛАВОТ РАМЗИ ХОБ ДИДАНИ ПАЙҒАМБАР
Шахсе назди султон Маҳмуди Сабуктегин рафт ва гуфт:
- Муддате буд, ки мехостам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб бубинам ва ғами худро барояш бозгӯ кунам. Ба ман ин саодат муосидат намуд ва дар шаби гузашта ба ин давлат расидам ва ҷамоли бокамоли он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва гуфтам:
- Эй Расули Худо ( С ), ҳазор дирҳам қарз дорам ва ба адои он қодир нестам. Метарсам, ки аҷал бирасад ва он қарз дар гардани ман боқӣ бимонад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Бирав назди Маҳмуди Сабуктегин ва он маблағро аз ӯ биситон.
Арз кардам:
-Шояд аз ман бовар накунаду нишон талабад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Ба ӯ бигу ба он нишон, ки дар аввали шаб сӣ ҳазор маротиба бар ман салавот мефиристад ва дар охири шаб сӣ ҳазор маротибаи дигар бар ман салавот мефиристад.
Султон Маҳмуд аз шунидани ин хоб ба гиря омаду тасдиқ кард ва қарзи ӯро адо кард ва ҳазор дирҳами дигар низ ба ӯ бахшид. Атрофиёни султон тааҷҷуб карданду гуфтанд:
-Эй султон, суханони ин мардро чӣ гуна тасдиқ мекунӣ? Ҳол он ки мо дар аввали шаб ва охири шаб бо ту ҳастем ва намебинем, ки ба фиристодани салавот машғул бошӣ. Ва агар касе дар тамоми вақтҳои шабонарӯз ба фиристодани салавот машғул бошад, наметавонад, ки шаст ҳазор салавот бифиристад.
Султон Маҳмуд гуфт:
-Ман аз уламо шунидаам, ки: << Ҳар кӣ як бор ин салавотро бифиристад, гӯё чунон аст, ки даҳ ҳазор маротиба салавот фиристодааст >>. Ва ман дар аввали шаб се маротиба ва дар охири шаб низ се маротиба ин салавотро мехондам. Ин шахс ки пайғоми он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро овард, дуруст ва рост мегӯяд ва ин гиряи ман аз шодӣ аст. Ин салавот чунин аст:
Аллоҳумма салли ало саййидино ва набиййино Муҳаммадив-ва Олиҳи махталафа-л-малавони ва таоқаба-л-асрони ва карра-л-ҷадидони вастақбала-л-фарқадони ва баллиғ рӯҳаҳу ва арвоҳаҳу ва арвоҳа аҳли байтиҳи миниа-т-таҳийята ва-с-салом.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Дар китоби << Ҷазбу-л-қулуб >>- и Абдулҳаққи Деҳлавӣ омадааст, ки: << Як роҳ барои хоб дидани Пайғамбари Худо ( С ) ҳаст ва он бардавом бар он Ҳазрат салавот фиристодан аст ботаҳорат ва бад-ин гуна:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Олиҳи ва саллим камо туҳиббу ва тарзо.
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Барои шифои бемороне, ки табибон ҷавоб додаанд ва умеде ба дармон нест, ба Расули Худо ( С ) салавоти зиёд фиристода шавад. Беҳтар аст, ки чунин салавот фиристода шавад:
Аллоҳумма салли ало Муҳаммадив ва Оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳим.
訊息
開發商
Китобхои Исломи
最新版本
1.2
更新時間
2018-09-27
類別
Books-reference
同時可用
Google Play
更多
如何在電腦上用 GameLoop 玩 Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в
1. 從官網下載GameLoop,然後運行exe文件安裝GameLoop
2. 打開GameLoop,搜索“Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в”,在搜索結果中找到Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в,點擊“安裝”
3. 享受在 GameLoop 上玩 Китоби Салавот бар Муҳаммад с.а.в 的樂趣
Minimum requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-8300
Memory
8GB RAM
Storage
1GB available space
Recommended requirements
OS
Windows 8.1 64-bit or Windows 10 64-bit
GPU
GTX 1050
CPU
i3-9320
Memory
16GB RAM
Storage
1GB available space